ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ «НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО» БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

     6 июли соли  2021,  дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Ҳамоиши ҷавонони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як барномаи хоси таҳрезишуда бо иштироки роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

     Дар қисмати аввали ҳамоиши мазкур маҳсулотҳои саноатӣ ва дастовардҳо, ки асосан  маҳсули дасти саноатчиёни ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ба намоиш гузошта шуд, ки тамоми иштирокчиён аз ин дастовардҳо шинос шуданд.

20210706_135559

   Мувофиқи барномаи чорабинии болозикр, маҷлиси тантанавӣ ва дар он “Ибрози назар атрофи дастовардҳои соҳа дар даврони Истиқлолият ва саҳми ҷавонон”, “Нақши ҷавонон дар даврони Истиқлолият: дирўзу, имрўз ва фардо”, “Тантанаи фарҳангӣ бо васфи Ватану ватандорӣ”,  “Видеоролик дар бораи дастовардҳо ва имкониятҳои соҳаи саноати мамлакат”  ва дар қисмати охири он “Муроҷиатномаи ҷовонони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди амал қарор  дода шуд.

20210706_135626

     Ҳамоиш дар фазои ифтихор аз истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, оромию осудагӣ,  дастоварҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва аз сиёсати ҳирадмандонаю дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

20210706_135121

Бахши котибот