Шодбошии Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи касбии металлургҳо

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кормандони соҳаи металлургияи тоҷикро бо Рўзи касбиашон, ки  ҳар сол  якшанбеи  сеюми моҳи июл ҷашн гирифта мешавад  табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти басо муҳиму  ифтихорӣ ва минбаъдаи истеҳсолӣ  дар рушди иқтисодиёти   Ватани азиз,   бурдбориҳоро таманно менамояд.

Хурсандибахш аст, ки  ин рўз  ба  арафаи ҷашни бузурги миллӣ,  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост  омадааст.

Бояд зикр намуд, ки кӯшишу заҳматҳои аҳли  кормандони соҳаи металлургия дар рушди саноати кишвар, бахусус дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва  ба ин васила ѓанӣ гардонидани буҷети давлатӣ   хеле назаррас ва арзанда  мебошад.

Барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ.  ба ҳамаи аҳли кормандони соҳаи металлургия  барору комёбиҳо  орзў менамоем.

Рўзи касбиатон муборак металлурҳои  гиромиқадр! 

Бо камоли эҳтиром,

                Шералӣ Кабир,

                      Вазири саноат ва технологияҳои

                        нави Ҷумҳурии Тоҷикистон