ВОКУНИШ ВОБАСТА БА ХАБАРИ ОҶОНСИИ “SPUTNIK ТАДЖИКИСТАН» ДАР БОРАИ ТАРКИШИ ГАЗ ДАР КОНИ АНГИШТИ “ШЎРОБ”

    Санаи 24-25 июли соли 2021 дар васоити ахбори омма бо ишора ба хабари оҷонсии “SPUTNIK Таджикистан» оид ба таркиши газ дар кони ангишти “Шўроб” ва оид ба фавтидани 1 нафар ва ҷароҳат бардоштани 8 нафари дигар хабар дода шуда буд, ки пурра ба воқеият ва асли ҳодиса мувофиқат намекунад.

     Воқеан, санаи 24.07.2021 дар қитъаи зеризаминии кони ангишти Шуроб, ки дар он ширкати паймонкор ҶСК “Сохтмони Шўроб” фаъолият мекунад, соати 16.00 на таркиш, балки якбора баромадани газҳои карбонӣ (СО, СО2) ба вуҷуд омад. Ҳангоми баровардани кормандони ҳамин қитъа аз тарафи кормандони  қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳӣ бо ҳамроҳии кормандони ҶСК “Ангишт”, сардори ҳавза Ташбоев Абдуманон Қаюмович, соли таваллудаш 1960 бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз газҳои карбонӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуда,  мутаассифона наҷот додани Тошбоев А.Қ. муяссар нагардид. Дигар кормандони корхона зарар надидаанд.

     То ба охир расидани фаъолияти комиссияи тафтишотӣ,  аз тарафи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар қитъаи номбурда боз дошта шудаанд. Сабабҳои рух додани ҳодиса аз тарафи комиссияи номбурда муайян карда мешавад.

     Аз номи роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаи марҳум Ташбоев Абдуманон изҳори ҳамдардӣ ва тассалият расонида,  аз тарафи ҶСК “Ангишт” дастгирии  молӣ ва  моддӣ  амалӣ  карда шуд.

Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.