Шодбошии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Муҳтарам саноатчиёни кишвар,

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ, бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Имрӯзҳо ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд:

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Мо, дар шароити ҷаҳонишаваии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ,  бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  кишвар,   дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба некуаҳволӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд.

Бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021) бармеоянд, мо – саноатчиёни кишварро  зарур аст, ки   дар раванди   амалисозии  ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра мушкиливу монеаҳои ҷойдоштаи соҳаҳои саноатро ҳал намуда,  ҷиҳати  ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ  ва  аз нигоҳи талаботи замони муосир тағйир  додани   системаи    идоракунии  истеҳсолот мунтазам  чораҳои  заруриро роҳандозӣ   намоем  ва дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвари азиз – Тоҷикистон  саҳми босазо гузорем.

 Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш  кулли кормандони саноати ҷумҳуриро  бо 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон бахту саодат, сиҳатмандию комёбиҳои беназири меҳнатӣ ва  баракати рӯзгорро таманно менамоям.

         Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад! Рӯзи Истиқлол муборак,  ҳамкорони  азиз!

  Бо камоли эҳтиром

            Шералӣ Кабир,

Вазири саноат ва технологияҳои

нави Ҷумҳурии Тоҷикистон