Иштироки фаъолонаи корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”

         Дар доираи амалигардонии Барномаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX),  бо дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблаггузорӣ гардида истодааст, аз 21 то 24 сентябри соли 2021 дастовардҳои навини саноати сабуки кишвар дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” дар шаҳри Москва пешкаш мегарданд. Дар намоишгоҳи мазкур корхонаҳои зерин бо маҳсулоти истеҳсолӣ иштирок менамоянд:

намоишгох

  1. ҶСК «Гулистони Душанбе» – ҷинсҳои мардонаву занона, либоси варзишӣ, либоси кории махсус;
  2. ҶДММ «KоTа Глобал» – либоси варзишӣ, либоси кории махсус;
  3. ҶДММ «Меҳровари Қурѓонтеппа» – либоси низомӣ;
  4. ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» – либоси мардонаву занона;
  5. ҶДММ «Ноҳид» – таҳпӯши мардонаву кӯдакона, маҳсулоти кешбофӣ;
  6. ҶДММ «Ортекс» – либоси мардонаву кӯдакона;
  7. СИ «Раҳматов» – либоси мардонаву занона;
  8. ҶДММ «Раҳимов А.А.» – либоси варзишӣ-кимоно;
  9. ҶДММ «ТoҷТекс» – либоси кӯдакона, либоси кории махсус;
  10. ҶДММ «Ваҳдат Текстайл» – ҷӯроб, ресмони пахтагин.

            Намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб ёфта, иштироки корхонаҳои соҳа дар он заминаи муаррифии маҳсулоти ватаниро дар бозорҳои минтақа фароҳам меорад.

                Дар баробари корхонаҳои ватанӣ,  дар намоишгоҳи болозикр инчунин зиёда аз 350 корхонаҳо аз 28 минтақаи Федератсияи Россия ва давлатҳои Арманистон, Белорус, Украина, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Ҳиндустон, Покистон, Хитой, Туркия, Литва, Полша, Олмон, Итолиё, Нидерландия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон иштирок намуда истодаанд.

 

 Бахши котиботи Вазорати саноат

 ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон